| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи Модар
    Ахбор

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бахшида ба Рӯзи Модар         

    Хурсандибахш аст, ки дар баробари фаро расидани фасли зебову дилрабои баҳори нозанин мардуми шарифи Тоҷикистон ду санаи муқаддасро бо суруру шодмонии зиёд истиқбол менамоянд ва ин идҳои хотирмони ҳаёти мо яке Рӯзи Модар ва дигар Наврӯзи хуҷастапай мебошад.

    Зан-Модар бузургтарин зинатбахши ҳаёти инсоният ба шумор рафта, тамоми олимону донишмандон, шоирону нависандагон, сиёсатмадорону дигар афроди ба олам маълумро арзи ҳастӣ намудааст.

    Хушбахтона, имрӯзҳо дар фазои соҳибистиқлолии кишвар мавқеи ҷамъиятии занон хеле боло рафтааст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон диққати махсус зоҳир гардида, дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи занон ва оила таъсис ёфтааст, ки он раванди татбиқи қонун «Дар бораи занон ва оила», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии доир ба ҳуқуқи занон қабулшударо таҳти назорати худ қарор додааст.

    Имрӯз занон чӣ дар парламент, чӣ дар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. Онҳо сарварии вазоратҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои давлатиро ба ӯҳда доранд.

    Бояд қайд намуд, ки мавқеи занону бонувон дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ низ хело ҳам баланд аст, дар дастовардҳои бадастомадаи соҳа саҳми онҳо назаррас аст.

    Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи модарону бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона муборакбод гуфта, ба онҳо сарбаландиву шодкомӣ, пирӯзиву хушрӯзӣ ва зиндагонии арзандаро таманно менамоям.

    Идатон муборак бод, модарону хоҳарони азиз!


    Бозгашт