| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Иди Наврӯз
    Ахбор

    Табрикоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бахшида ба Иди Наврӯз

    Ҳамкорони азиз,

    Қадами мубораку фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ба кишвари муқаддасу маҳбуби мо-Тоҷикистони азиз дар фазои якдилию ягонагӣ мардуми шарафмандамонро мунаввар месозад. Ин рӯзи мубораку фархунда аз ниёгони мо дар тули ҳазорсолаҳо такмилу таҳаввул ёфта, чун нишони худогоҳии миллӣ то ба имрӯз омада расидааст. Хушбахтона, Наврӯзи хуҷастапай маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Фасли зебои баҳору Наврӯзи оламафрӯзро ба ҳамаи кормандони Кумита ва зерсохтори он сидқан табрику муборакбод мегӯям.

    Дар яке аз чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намуданд: «Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукӯҳи табиат ва эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврӯз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рӯзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рӯҳу равони тозае бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад».

    Тавре ба мо маълум аст, маросими ҷашни Наврӯзӣ расман бо суннатҳои худ оғоз мегардад. Қабл аз ҷашнгирӣ манзили зист аз чангу ғубор тоза карда шуда, бистару болин ва ҳамаи ашёи хона берун бароварда мешавад. Сипас, оростани дастурхони Наврӯзӣ оғоз меёбад, ки рӯи он бо «ҳафтшин» ва «ҳафтсин» оро дода мешавад. Дар ин рӯзи фирӯз пиру барно либосҳои зебою тоза ба бар карда, ба кӯчаву гулгаштҳо ва теппаю боғу майдонҳо ба сайругашти Наврӯзӣ мебароянд.

    Итминони комил дорам, ки шаҳрвандони кишварамон ин анъанаҳои неки ниёгонамонро пос дошта, барои ободиву сарсабзии Ватан, истифодаи оқилонаи табиат ва ҳифзи сарватҳои бебаҳои он тамоми хираду мақсадҳо ва амалҳои неки худро истифода мебаранд.

    Наврӯз, пеш аз ҳама ҷашни кормандони кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад. Зеро саъю талоши кормандони мақомоти мо ба он равона гардидааст, ки ҳар як фасли сол Ватани азизамон зебову гуворо, тозаю озода ва барои зиндагии мардум бехатару дилхоҳ бошад.

    Бо истифода аз ин лаҳзаи фараҳбахш, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуда, барояшон сулҳу оромӣ, ободии хонадон, хушиҳои рӯзгор ва амалӣ гаштани ниятҳои некро таманно менамоям.

    Наврӯзатон пирӯз бошад, ҳамкорони азиз!
    Бозгашт