Ташрифи Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ба Агентии обуҳавошиносӣ
Санаи 6 июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас ва дигар шахсон расмӣ аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он боздид намуданд. Профессор Петтери Тааласро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, директори Агентии обуҳавошиносии Кумита Қурбонзода А. Ҳ. ва коллективи Агентии обуҳавошиносӣ дар назди бинои Агентии обуҳавошиносӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи ин сафар Котиби генералии СУО ва гурӯҳи меҳмонон аз Маркази обуҳавосанҷӣ, Студияи хурди метеорологӣ, Маркази автоматикии алоқа ва дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ дидан намуда, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи обуҳавошиносӣ ва шароити кории фароҳамоварда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас дар маҷлисгоҳи Агентӣ вохӯрии васеи меҳмонон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Б.А., директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода А.Ҳ., ҳайати кормандони Агентӣ бо Котиби генералии СУО профессор Петтери Таалас ва ҳайати меҳмонон доир гардид, ки аз вохӯрӣ бо аҳли коллективи Агентии обуҳавошиносӣ ва муҷаҳҳаз гардидани Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони Агентӣ ба меҳмонон дар бораи усулҳои корӣ ва технологияи истифодашаванда маълумот доданд, ки он аз ҷониби ҳайати меҳмонон сазовори баҳои баланд гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ бо мазмуни инъикосшавандаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик тақдим гаштанд. Котиби генералии Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Петтери Таалас аз дидбонгоҳ ва стансияҳои обуҳавошиносӣ низ дидан карданд.