| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Таъсири корхонаҳои коркарди қуму санг ба муҳити зист
    Ахбор

    Таъсири корхонаҳои коркарди қуму санг ба муҳити зист                      


    Тибқи иттилои Саррёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъсиррасонии корхонаҳои коркарди қуму санг ба муҳити зист бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, фаъолияти корхонаҳои болозикр дида баромада шуд. Дар ҷараёни омӯзиш маълум гардид, ки айни замон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 38 корхона ба чунин фаъолият машғул буда, дар асоси ҳуҷҷатгузориҳо тасдиқгашта амал менамоянд.

    Дар ин баробар маълум гардид, ки корхонаҳои фавқулзикр дар пешрафти ободониву корҳои сохтмонии пойтахт ҳиссагузорӣ намуда, бо насби технологияҳои ҳозиразамон ва шароити хуби корӣ фаъолиятро идома медиҳанд.

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе назорати давлатиро дар ин самт пурзӯр намуда, ба корхонаҳои мазкур дастур додааст, то дар доираи талаботҳои қонунгузориҳои амалкунанда фаъолиятро идома диҳанд.

    Бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини беҳдошти соҳили дарёву рудхонаҳо, манбаъҳои обӣ ва баҳри пешгирии ҳолатҳои хавфнок дар маҷрои дарёҳо танҳо дар давоми соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 45 аксияи экологии “Тозагии соҳил” роҳандозӣ гардид, ки дар ҷараёни он 7337 км соҳил тоза карда шуд.  

    Бино ба иттилои мутахассисон талабот ба ашёи корхонаҳои мазкур рӯ ба афзоиш оварда, шумораи корхонаҳои коркарди қуму санг дар муқоиса ба солҳои қаблӣ бештар гаштааст.

    Бозгашт