| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрӣ бо Фонди Оғо-Хон
    Ахбор

    Вохӯрӣ бо Фонди Оғо-Хон

    14 декабри соли ҷорӣ вохӯрии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Фонди Оғо-Хон оид ба таҳия намудани лоиҳаи нав дар самти тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба лоиҳаи минтақавӣ дар доираи Ташаббуси байналмилалии иқлим, ки аз ҷониби Вазорати федералии ҳифзи муҳити зист ва бехатарии ҳастаии Ҷумҳурии Федеративии Олмон пешниҳод гардида буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Ҳадафи лоиҳаи минтақавии пешниҳодшуда муайян, дастгирӣ ва омӯхтани ҳалли инноватсионии кам кардани газҳои гулхонагӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахшҳои асосии заминистифодабарӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тавассути рақобатпазирии тиҷорат мебошад.

    Бозгашт