| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба мониторинги сифати ҳаво
    Ахбор

    Вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба мониторинги сифати ҳаво               


                                              


    Бо иқдоми  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи  20 июни соли ҷорӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи мазкур оид мониторинги сифати ҳаво семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

    Дар семинар мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Кумита, аз ҷумла сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентӣ Самиев Сангин бо рӯйнамо оид ба масъалаҳои татбиқи қонуну қарорҳои қабулшуда дар самти ҳавои атмосфера, фаъолияти Агентӣ дар ин самт, аз ҷумла дар бораи стансияҳои худкори сифати  ҳаво, мониторинги хатсайрӣ, коркарди маълумотҳо, меъёрҳои сифати ҳаво, системаи иттилоотӣ, мушоҳидаи сифати ҳаво аз рӯи моделҳо ва оид ба дигар самтҳои вобаста ба  мавзуъ ба таври муфассал баромад намуданд.

    Сипас, байни маърӯзакунандаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои сершумори онҳо аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

    Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ин огоҳонидани бештари рӯзноманигорон ва ба аҳолӣ расонидани маълумоти дақиқи обу ҳаво, ки аз тарафи мутахассисони соҳавӣ пешниҳод мегардад, мебошад. 

    Сайт 4 (1).jpg Сайт 5.jpg Сайт 2.jpg Сайт 3.jpg           


    Бозгашт