| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада
    Ахбор

    Вохӯрии гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада             


                                              

    20231127_142122.jpg

    Бо мақсади таҳкими ҳамкории гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров ва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои бехатарии экологӣ дар толори донишкада вохӯрӣ баргузор гардид.

    Соли дуюм аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовҳои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати деҳоти мазкур амалӣ гардида, то айни ҳол як қатор чорабинӣ ва вохӯриҳо гузаронида шуданд.

    Бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронидани вохӯрии навбатӣ дар донишкада дар он буд, ки аз як тараф шиносоӣ ва ҳамкорӣ пайдо намудани гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиён бо «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, аз дигар тараф ҷалби донишҷӯён, аъзоёни «Клуби экологӣ» ба масъалаҳои экологии ҷамоати деҳот ва ноҳия, ки дар навбати худ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологии онҳо саҳм мегузорад.

    Пас аз суханҳои ифтитоҳии ректори Донишкадаи мазкур аз ҷониби баромадкунандагон, доир ба мавзуъҳои дар барномаи вохӯрӣ пешбинигардида, презентатсия ва баромадҳо ба иштирокдорон пешниҳод карда шуд.

    Қайд кардан ба маврид мебошад, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои ҷалби ҷавонон ва аҳолӣ ба раванди татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» саҳми назаррас доранд.


    Бозгашт