| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Вохӯрии муовини раиси Кумита бо муовини Дабири Иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо
    Ахбор

    Вохӯрии муовини раиси Кумита бо муовини Дабири Иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо                                                                                                      

    DSC_0049.JPG

    5 октябри соли равон вохӯрии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдуқодир Мавлодод бо Муовини Дабири Иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо (UNECE) Дмитрий Марясин ва мутахассис оид ба муҳити зист хонум Сарангу Раднарагча баргузор гардид.

    Зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи конвенсияҳои байналмилалии СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ва ниятҳои Тоҷикистон барои шомил шудан ба дигар конвенсияҳои экологӣ баррасӣ шуданд.

    Тадбирҳое, ки барои амалӣ гардондани тавсияҳои дар Шарҳи сеюми фаъолияти муҳити зисти Тоҷикистон пешниҳод гардида, муҳокима гаштанд.

    Намояндагони UNECE қайд карданд, ки онҳо аз таҳияи баррасиҳои чаҳоруми фаъолияти экологӣ дар Тоҷикистон, ки бахшҳои навро дар бар мегирад, аз қабили иқтисоди даврӣ, масъалаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи инсон дастгирӣ хоҳанд кард.

    Дмитрий Марясин ба муовини раиси Кумита барои вохӯрие, ки дар ҷараёни он муколамаи созанда миёни ҷонибҳо сурат гирифт, изҳори сипос кард.


    Бозгашт