Вохӯрии раиси Кумита бо Роҳбари миссияи Бонки ҷаҳонӣ
26 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Роҳбари миссияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба арзёбии раванди татбиқи лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал”, ҷаноби Раҷеш Коирала баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раванди иҷрои чорабиниҳои лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал” маблағгузории иловагӣ ва нақшаи кории он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷаноби Раҷеш Коирала аз раванди татбиқи лоиҳаи мазкур ба раиси Кумита барои роҳнамоӣ ва иҷрои бомуваффақияти он изҳори сипос намуд.
Ҷаноби Раҷеш Коирала дар доираи сафари худ тасмим гирифтааст, ки ба ноҳияҳои зерҳадаф сафар намуда, аз раванди иҷрои чорабиниҳои лоиҳа дидан намояд.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирӣ дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Кумита ҷиҳати бомуваффақият амалӣ гардидани чорабиниҳои лоиҳа чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаи баргузории конференсияи 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба иқлим, ки моҳи апрели соли 2023 бо дастгирии молиявии қисмати минтақавии лоиҳаи мазкур баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифт.