| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо дар шаҳри Ҳисор

    2 марти соли ҷорӣ ярмарка - фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо дар саҳни хоҷагии 50 солагии Октябри шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

    Аз ҷониби шахсони масъули шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани намоиш ва ярмаркаи мазкур корбарӣ амалӣ гардид.

    Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи сохторҳои шаҳрӣ, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ ниҳолҳои гуногун, гулу буттаҳо, техникаҳои корӣ ба боғпарварону сокинони шаҳр пешниҳод карда шуд.

    Дар чорабинӣ кормандони шуъба фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафканро пешниҳод намуданд.

     



    Бозгашт