| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Забон ҳастии миллат
    Ахбор

    Забон ҳастии миллат                                                                                                  

    изображение_viber_2022-10-05_12-26-05-250.jpg

    Ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад, ки он ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст.

    Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар, мавриди дастгирии доимӣ қарор гирифтааст.

    Ба ифтихори таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад пас аз суханони табрикӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду густариши забони тоҷикӣ  беназир арзёбӣ намуда, қайд кард, ки маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.

           Сипас Исматҷонов Б. - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ва дурнамои рушди он дар замони Истиқлоли давлатӣ баромад намуд. 

            Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Б.  барои ҳамкориҳои доимӣ ва пурсамар дар гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бо кормандони мақомот ва ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олӣ бо Сипосномаи Сарраёсат сарфароз гардонида шуд.  

    Бозгашт