Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (таърихи шомил шудан 15 майи 1997), ки аз 3 мақсадҳои зерин иборат аст: - нигоҳдории гуногунии биологӣ; - истифодаи оқилона ва устувори компонентҳои гуногунии биологӣ; - ба даст овардани фоидаи муштарак бар пояи адолат ва баробарӣ, ки вобаста ба истифодаи захираҳои генетикӣ, аз ҷумла бо роҳи бадаст овардани захираҳои генетикӣ ва аз тариқи вогузории мансуби технологияи марбута бо назардошти тамоми ҳуқуқҳо ва чунин захираҳо ва технологяҳо мебошад.
Баъди ба Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва Протоколҳои он шомил шудан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор манфиатҳои сиёсӣ, стратегӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва умуман глобалӣ ноил гашт.
Дар ҷабҳаи сиёсатӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид қадрдонӣ намуда, дар ЮНЕСКО аз бурдбориҳои Тоҷикистон дар соҳаи беҳдошти гуногунии биологӣ ҷаҳониёнро шинос намуданд. Баъди ин сухани барномавии Пешвои миллат оламиён нисбати бойгариҳои сарватҳои биологии кишварамон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кӯмакҳои зиёди молиявӣ ва техникӣ барои давлати мо расонида шуд. Дар ҳамин давра дар маҷмуъ қариб 100 млн. доллари ИМА дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист кӯмаки техникӣ расонида шуд. Ин кӯмакҳо натиҷаҳои хуб ба манфиати танзими вазъияти экологӣ дар тамоми гӯшаҳои сарзамини Тоҷикистон назаррас мебошанд.