Ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои «Дар бораи Нақшаи миллии иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» ва ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Барои таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №791 Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оид ба лоиҳаи “Идоракунии даврагии пеститсидҳо ва нобудсозии пеститсидҳои дорои дуст дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия”, тибқи талаботи банди 2 қарори болозикр Созишномаи мазкур, аз тарафи Раиси Кумита ва Намояндагии минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Туркия ба имзо расонида шуд.
Дар ҳамкорӣ бо коршиносони хориҷӣ таҳияи лоиҳаи ГЭФ ID 9421 «Намоиши коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дуст (дихлор-дифенил-трихлорэтан) дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» анҷом дода шуда, барои баррасӣ ва маблағгузорӣ ба Фонди Глобалии Экологӣ (ГЭФ) ирсол гардид.
Пешбурди корҳои ташфиқотию таблиғотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Конвенсияи Стокголм мебошад. Дар ин раванд, чиҳати таъмини иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон нисбати Конвенсия болозикр, дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар ноҳияҳои Хуросон, Фархор ва Панҷ, бо ҷалби 3 коршиносони хориҷӣ (Нидерландӣ, Швейтсарӣ, Амрикоӣ) ва коршиносони САҲА ва 3 коршиносони маҳаллӣ тули 22 рўз дар байни аҳолии деҳаҳо корҳои ташфиқотию таблиғотӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон ҳангоми пешбурди корҳои ташфиқотию таблиғотӣ ба аҳолӣ ва хонандагон варақаҳо ва расмҳои огоҳсозӣ аз таъсири номатлуби пеститсидҳо ва дигар намуди заҳрхимикатҳо тақсим кардадода шуданд.
Рафти таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати конвенсияи мазкур ва таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаҳои Мушовара ва ҷаласаҳои назоратии назди Раиси Кумита зери назорати доимии Муассиса қарор дошта, минбаъд низ ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва тарафҳои таваҷуҳдошта идома дода мешаванд