Бо мақсади татбиқи самараноки Конвенсия оид ба ҳифзи қабати озон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №643 «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба МВО» қабул гардидааст, ки ҳамасола корҳои зиёде иҷро мегардад. Тибқи талаботи Конвенсия ҳамасола ҷамъоварии маълумотҳо оид ба МВО анҷом дода шуда, ҳисоботи миллии шакли Ф-1, тибқи моддаи 7 Протоколи Монреал оид ба истифодабарии МВО ба Котиботи конвенсия оид ба ҳифзи қабати озон пешниҳод мегардад. Соли ҷорӣ низ ҳисоботи зикршуда ба котиботи Конвенсия саривақт пешниҳод карда шуд.
Соли ҷорӣ бо дастгирии Фонди глобалии экологӣ (ГЭФ) марҳилаи дуюми лоиҳаи «Пурра даст кашидан аз истифодаи Гидро Хлор Фтор Углеродҳо дар Тоҷикистон тавассути ворид намудани технологияи нав”, ки аз ҷониби Намояндагии Барномаи СММ дар Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, оғоз гардид. Барои татбиқи лоиҳа шарикони амалисозии он аз Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти давлатӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Хадамоти гумрук, мақомоти Омор, Тоҷикстандарт, ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ва муассисаҳои хусусӣ пешбинӣ гардидааст.
Мақсади татбиқи лоиҳаи пешниҳодгардида марҳила ба марҳила даст кашидан аз ГХФУ ва таъмини ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, мусоидат ба амалисозии қонунгузории миллӣ оид ба назорати воридот/содирот ва истифодаи ГХФУ ва дигар моддаҳои вайронкунандаи озон, модернизатсияи зарфҳои нигоҳдории омехтаи хунуккунандаҳои корношоям, беҳтар намудани захираҳои гумрук дар соҳаи назорат оид ба воридот/содирот ва пилотикунонии технологиҳои нави муосир дар бахши таҷҳизотҳои хунуккунанда ва мустаҳкам намудани захираи бахши хизматрасонӣ мебошад.