| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon
 “Clean Coast" campaign on the channel Chortut-2
News

Аксияи “Тозагии соҳил” дар канали  Чортут-2                              


Ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёву каналҳо ва манбаъҳои обӣ дар канали Чортут-2 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аксияи экологии “Тозагии соҳил” доир намуд.  

Ҳадафи баргузории аксия, тоза намудани каналҳои аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо гузаранда, ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузар буда, дар ин баробар ба сокинони маҳалла вобаста ба таъмини тозагии муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ суҳбат анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни аксияи мазкур 160 метри тӯлонӣ канали Чортут тоза гашта, дар ҳаҷми 24 м3 партовҳои сахти маишӣ ва лойқа бароварда шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тарғиби донишҳои экологӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дар доираи амалишавии муқаррароти фасли 5-и Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе амал кардани сокинон дар покнигоҳдории соҳили дарёву канал нақши муҳим мебозад.


Бозгашт