| khmz
Тоҷикӣ      Русский      English
"It is necessary that we take a serious attitude to environmental
protection, flora and fauna, the environmental situation, and to this
end we have achieved a revision of the approach to improving
legislation in this area."
Emomali Rahmon
Operation "Clean Air" in Isfara city
News

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Исфара                  

изображение_viber_2022-05-17_17-34-19-798.jpg

Баҳри иҷроиши нақшаи кории шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва иттилооту ахбороти Сарраёсат ва нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара дар кӯчаи марказӣ амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.


Бозгашт